Имрӯз, 31 июли соли 2025 дар шаҳри Бохтар ҷаласаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони зерсохторҳои шаҳриву ноҳиявии соҳа баргузор гардид. Ҷаласа ба таҳлили натиҷаҳои фаъолияти ҳафт моҳи соли равон бахшида шуда, зимни он дастовардҳо ва камбудиҳои мавҷуда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар оғози ҷаласа сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, Собирзода Қурбоналӣ, доир ба фаъолияти умумии кормандони соҳа дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар ин муддат як қатор корҳо дар самти беҳдошти муҳити зист, назорати истифодаи захираҳои табиӣ, пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об, инчунин корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа иҷрои Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти соҳа ба ҳисоб меравад, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки тибқи нақша, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят майдонҳои зиёди сабзу хуррам таъсис ёфта, садҳо ҳазор ниҳоли сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонда шудаанд. Дар баробари ин, ба масъулин тавсия дода шуд, ки нигоҳубини ниҳолони шинондашуда зери назорати доимӣ қарор дода шуда, корҳои обёрӣ ва мустаҳкамсозии онҳо сари вақт амалӣ гарданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими мавриди баррасӣ — иҷрои Барномаи давлатии баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ буд. Гуфта шуд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти шаҳрвандон нисбат ба ҳифзи муҳити зист, бахусус дар шароити тағйирёбии иқлим ва мушкилоти афзояндаи экологӣ, аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар ин самт, як қатор чорабиниҳои омӯзишиву таблиғотӣ, шанбегиҳо, семинару вохӯриҳо дар байни аҳолӣ, хонандагону донишҷӯён ва кормандони идораҳо баргузор гардидааст.
Дар интиҳои ҷаласа вобаста ба таҳлили натиҷаҳои фаъолият ба масъулини зерсохторҳо супоришҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъат бахшидани корҳои назоратӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва баланд бардоштани масъулият дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дода шуд.
