Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон санаи 16 сентябр бо мақсади тозаю озода нигоҳ даштани соҳилҳои каналу ҷӯйборҳо заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозаги соҳил” баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур сокинони деҳаи Муродтеппаи ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, бо дарозии 2 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуданд. Корҳо дар самти беҳдошти муҳити зист дар ноҳияи Носири Хусрав идома дорад.
Далер Шарипов, котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон