Дар асоси нақша- чорабиниҳои роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба хотири сазовору хотирмон таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат корҳои ободониву созандагӣ ва тадбирҳои мушахасро амалӣ мекунад. Сабзкориҳо аз ҷониби шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят бо суръат идома дода, талош бар он доранд, ки ба зебоиҳои шаҳру навоҳӣ зебоии нав зам кунанд.

 Аз ҷумла масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар кӯчаи марказии ноҳия, назди ташкилоту муасссаҳо, биноҳои навбунёдшудаи ноҳия ба шинонидани дарахтони ҳамешасабз, гулу гулбуттаҳои ороишғӣ машғул мебошанд. Бино ба иттилои Абдуллозода Ҷалолхон мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин баҳри сарсабзу хуррамгардонии ноҳия то ба имрӯз ҳазор адад арчаҳои ҳамешасабз, 200 адад дарахти ороишғ, 20- ҳазор дона гулҳои мавсими шинонида шудааст. Бино ба гуфти мавсуф   рӯзҳои наздик шинонидани 15-ҳазор бех   гулҳои зебо дар ҳудуди ноҳия дар назар дошта шудааст.

Далер Шарипов, котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти     вилояти Хатлон                               

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *