Лоиҳаи «Намоишдиҳии коркарди ғайриҳароратии партовҳои дорои дихлордифенил-трихлорэтан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи муҳити зисти СММ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №471 маъқул шуморида шуд.
Дар доираи талаботи банди 2 қарори болозикр, рӯзи 18 сентябри соли 2020, Созишномаи мазкур аз тарафи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Директори намояндагии Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Доктор Муҳаммад Дин ба имзо расонида шуд. Ҳадафи асосии лоиҳа таъмин намудани амнияти экологии аҳолӣ аз таъсири номусоиди пеститсидҳо ва дигар намуди ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, махсусан дуст (дихлордифенил-трихлорэтан (ДДТ) мебошад.
Бознашр аз сомонаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон