Дар асоси нақ ша- чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар якҷоягӣ бо нозири милитсияи экологӣ ва корманди Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа» деҳаи “Сумбула” мавзеъи «Ганҷина» ҳудуди заминҳои Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон амалиёти фаврӣ гузаронида муайян намуданд, ки шаҳрванд Рустамов Манучеҳр сокини ноҳияи Данғара бо худ шаҳрванд Ғуломов Ҳотам ва Бобиев Тоҳир-ро ҳамчун корманди кироя ҷалб намуда, худсарона ва ғайриқонунӣ ба таллу теппаҳои куҳсор баромада навдаҳои буттаҳои растании “Камоли бадбуй”-ро ба миқдори 300 бехро бурида гирифта бехи кундаҳ оро бо теша нарм намуда аз хок тоза карда 100 бехи кундаро бо корди махсус бурриш намуда бо мақсади минбаъд коркард ва ҷамъоварии шираи “Камоли бадбуй” тайёр намудаанд, ки ин ҳолат ошкор гардида нисбати шаҳрвандони дар боло зикргардида мавод тартиб дода зарари ба табиат расонида шударо ба маблағи 17400 сомонӣ муқарар намуда парвандаи ҷинои оғоз намуда айниҳол дар Шуъбаи тафтишоти РВКД дар вилояти Хатлон дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.
Далер Шарипов
котиби матбуотии Раёсати ҳ ифзи муҳ ити зисти вилояти Хатлон