Бо мақсади пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тозаюу озода нигоҳ доштани соҳилҳои дарёҳо, каналу ҷуйборҳо  ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии муҳити зист аз ҷониби кормандони Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб, Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, кормандони хадамоти оташнишонии минтақаи Кӯлоб, кормандони муассисаи Коммуналии шаҳр, сектори хусусии мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳр, ширкати истеҳсолии истифодабарии манзил дар мавзеъи сойи Тебалай, маҳаллаи Чармгаро то маҳаллаи Сарвароваи шаҳри мазкур Аксияи «Тозагии соҳил  гузаронида шуд.

   Дар ин аксия бештар аз 500 нафар иштирок намуда 3000 метри мурабба  партовҳои маиши ва истеҳсолиро аз дохил ва гирду атрофии Сой ба миқдори 12 м3 ҷамъовари карда ба воситаи 3 адад техникаи пуриқтидор ба партовгоҳи шаҳри Кӯлоб кашонида сипас безарар гардонида шуд.

  Масъулони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб ба сомона иттилоъ доданд, ки  дар байни аҳоли оиди аксияи «Тозагии соҳил» вохури ва суҳбатҳо гузаронида корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам ҷоннок хоҳанд кард.

      Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *