Бо мақсади иҷроиши талаботҳои фармоишҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон инчунин нақша чорабиниҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон баҳри тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, манбаҳои оби ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолї дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритуз бо ташабуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия аксияҳои “Тозагии маҳал” ва “Тозагии соҳил” ташкил ва гузаронида шуд. Ба аксияҳои мазкур зиёда аз 50-нафар аҳолии ҷамоати деҳоти ба номи Холназар Холматови ноҳияи мазкур сафарбар карда шуда зиёда аз 600 метр шафати роҳи мошингузари деҳаи Сомониёни ҷамоати болозикр ва зиёда аз 400 метр ҷуйбори обгузари деҳа аз ҳар гуна партовҳо ва хасу хошокҳо тоза карда шуданд.
Масулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз иттлоъ медиҳанд, ки минбаъд низ аксияҳои экологиро дар ҳудуди ноҳия мунтазам амали намуда баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ноҳия аз тамоми имкониятҳои ҷойдошта истифода хоҳем бурд.
Далер ШАРИПОВ,
котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон