Аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо Ҷамоати шаҳраки Ёвон, муассисаи давлатии “Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон”, коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳрак, маъракаи “Тозагии маҳал-2020”  гузаронида шуд, ки дар он кормандони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, омӯзгорони коллеҷу литсейҳо ва қисми зиёди аҳолӣ  фаъолона ширкат варзиданд.  

  Шумораи умумии иштироккунандагон дар маъракаи мазкур зиёда 1225 нафар буда, дар тоза кардани кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи ташкилоту корхонаҳо, гирду атрофи манзилҳои истиқоматӣ, ду тарафи роҳи мошингарди Ёвон-Душанбе ва ду тарафи пули “Ёвонруд”-ро  аз ифлосиҳо тоза намуданд. 

  Аз тарафи Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон, ки аз чор шӯъба иборат мебошад   1340 метр новаҳои обгузар аз лою гил ва баргҳои дарахтон тоза карда шуда аз 18 нуқтаҳои партовпартоҳо ба масофаи қариб 723м, бо миқдори 1202 м3 партов бароварда тавассути се техника ба нуқтаи партовгоҳи расмӣ ноҳия кашонида шуд.

   Умуман дар ноҳияи Ёвон  бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳои тозакори минбад ҳам  идома меёбад.

       Далер ШАРИПОВ,

котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *