Дар асоси дастури раиси Кумитаи ҳифзи муҳ ити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон оид ба иҷроиши бандҳои қарори ҷаласаи мушовара сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ҷаласаҳои кориро бо кормандон, мудирони шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти минт ақаи Кӯлоб ва минтақаи Бохтар доир намуд.
Зимни суҳбат Мусозода Шодӣ вобаста ба иҷроиши нақшаи пардохтҳо, баланд бардоштани таъмини амнияти экологии аҳолӣ, тақвияти маърифати экологии аҳолӣ ва дар сатҳи баланду бо сифат ташкил ва баргузор намудани аксияҳои «Тозагии маҳал»,«Тозагии соҳил”, «Тозагҳаво» ва ҳамчунин «Тозаги роҳ» дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, бо масъулини бахшу шуъбаҳо барраси ва ҷиҳати иҷрои саривақтии он дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Ҳамучин гуфта шуд, ки маҳз баргузории чунин чорабиниҳои тарғиботиву фаҳмонидадиҳии оммавӣ имкон медиҳад, ки сокинони кишвар аз фаъолияти соҳа ва ҳифзу самаранок истифода бурдани дороиҳои табии мамлакат масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Далер ШАРИПОВ,
котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон