Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи ҳифи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифи муҳити зисти вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии ноҳияи Панҷ барои тозаву озода нигоҳ доштани кўчаву маҳаллаҳо  ҷиҳати сазовор пешоз гирифтани  ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоати шаҳраки ноҳия бо иштироки кормадони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳрак аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва баргузор намуд.

Дар рафти ин аксия  канори  ҷуйборҳо, обгузарҳо ва дигар  хатҳои обии кўчаи 50-солагии Қушунҳои сарҳадӣ  аз партовҳо тоза карда шуд. Ҳамзамон, гирду атрофи гулҳо аз ҳаргуна алафҳои бегона поккорӣ  гардид. Дар натиҷа зиёда аз 4 м кубӣ  партовҳои  истеҳсолӣ  ва истеъмолӣ  ҷамоварӣ  шуда тавассути  техника ба партовгоҳи расмии ноҳия интиқол дода шуд.

     Далер Шарифов

  котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *