Рӯзи 20 июни соли 2020 бо иқдоми кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Кушониён дар сарҳади муҳофизатии деҳаи Бофандаи ҷамоати деҳ оти Сарвати Истиқлоли ноҳия бо ҷалби 100 нафар истиқоматкунандагони деҳа аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд.
Ҳамин тариқ баъди баровардани зиёда аз 200 тонна партовҳо бо ҷалби техникаҳ ои махсуси пуриқ тидор, партовгоҳи ғайрирасмӣ пурра аз партовҳо тоза гардида, партовҳо ба партовгоҳи ноҳия кашонида шуда, мавзеи мазкур пурра бо маҳлули хлор безарар гардонида шуд.
Чунин тадбирҳ о яъне аксияи “Тозагии маҳал” пайваста аз тарафи шуъба ва бахшҳ ои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар шаҳ ру навоҳ и баҳ ри тозаю озода нигоҳ доштани муҳ ити зисти маҳал пайваста ба анҷом расонида мешавад.
Шарифов Далер
котиби матбоутии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон