Вабои аср Ковид-19 экологонро низ баҳри коҳиш додани сатҳи паҳншавию сироятшавӣ ба вируси Карона бе тараф намегузорад. Зеро муҳити сабзу хуррам маҳз аз ҷомеаи солим вобастагӣ дорад. Ҳамин аст, ки экологонӣ хатлонӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки 5-уми июн муайн гардидааст, аксия ташкил намуда, дар доираи он ба мардум корҳои оммафаҳмонию тақсимоти ниқобу маҳлулҳои безараргардонӣ ва варақаҳои иттилоотиро ба роҳ монданд.
Роҳбарияти Раёсати ҳифзи мухити зисти вилояти Хатлон, амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвоимиллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгири аз бемориҳои сирояти ва безарар гардонидани муҳити зист, амали намудани чораҳои зидиэпидемикиро дар ҳама шаҳру навоҳии вилояти Хатлон паи амал қарор дода, тадбирҳои саривақ тиро пиёда менамоянд.
Ҳами наст, ки шаби 4-уми июни соли равон роҳбарият ва кормандони муҳити зисти вилояти Хатлон дар якҷояги бо Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва дигар сохторхо амалҳои безараргардониро дар кучаю хиёбонҳо ва чойҳои сераҳолии шаҳр ташкил намуданд. Бо истифода аз техникаю таҷҳизоти муосир ва маҳлулҳои безараргардони аз майдони Парчам ва ба номи Исмоили Сомонӣ оғоз бахшида, ин корро дар тамоми кучаю маҳалаҳои шаҳр идома доданд.
Бояд тазакур дод, ки бо мақсади солимгардони ва чораҳои зиддиэпидемики, бобати пешгири ва мубориза алайҳи сироятёби аз бемории каронавирус Ковид-19, корҳои безараргардони дар роҳу кучаҳо, боғҳои фархангию фароғати, муасисаю корхонахова маҳалаҳои аҳолинишин ба роҳ монда шуд.
Дар баробари ин аз ҷониби Раёсати болозикр варақ аҳои иттилоотони ва шиору овезаҳо иборат аз тавсияҳои пешгири аз каронавирус дар маркази щахр, дар ҷойҳои сераҳоли насб гардидаанд, ки ин имкон фароҳам меорад, ки мардум аз хавфи бемори, аз роҳҳои пешгири ва оқибати марговари он воқ иф гарданд.
Амалҳои безарагардони аз ҷониби Раёсати муҳити зисти вилояти Хатлон дар кучаҳои Борбад, Майдони Парчам ва ба номи Исмоили Сомони, кучаҳои Хатлон, назди бозори Фаровон, терминали мусофиркашонии шаҳр, то кучаҳои маданияту шаҳло ва дигар мавзеъҳои шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Дар назди Раёсати ҳифзи муҳити зисти илояти Хатлон ситоди доимоамалкунанда фаъолият дошта, чунин чораҷуиҳои поксози ва таъмизгардони аз ҷониби кормандон он зуд зуд руи кор омада, саҳми арзандаи худро дар пешгирии ин вабои аср мегузоранд.
Ҳамин тарик рузи 5 июни дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар роҳбарият ва кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва зерсохторхои он ба аҳолии шаҳр маводҳои зиддивируси ва пешгири аз бемории ковид-19, аз қабили ниқ об, дастпушак ва маводҳои антисептики ҳамчунин варақ ҳои иттилоотиро ба таври ройгон расониданд.
Ин иқ доми наҷибона дар чор минтақаи шаҳри маззкур ба роҳ монда шуд. Кормандони ин ниҳод тавонистанд, ки ба андозаи хеле зиёди ин маводхоро дастраси аҳолии шаҳр ва меҳмонони он гардонанд. Дар ҳақиқат ҳифзи саломати ва таъмини амнияти экологии мардум аз ҳифзи муҳити зисти солим вобаста аст. Дар шароити имруза вобаста ба паҳншавии бемории ковид 19 ҳар як шаҳрванд барои риояи гигенаи шахси аз ашёҳои муҳофизаткунанда бояд истифода барад. Фаромуш набояд кард, ки истифодаи ин маводҳо метавонанд моро аз гирифторшави ба ин бемори эмин нигоҳ доранд.
Сипас дар ин рӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон дар доираи меъёрҳои муқараршудаи Вазорати тандурустӣ, ҳамоиш барпо шуд.
Нахуст сардори Раёсати мухити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ меҳмон ва иштирокдорони чорабиниро хайра мақдам гуфта, доир ба тағйирёбии иқлиму пайёмадҳои он дар самти кишоварзӣ, ҳаёти сокинону табиат ва хатару оқибатҳои Ковид-19 сухан намуд.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи мухити зисти назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Сайумрон зимни суханрони кайд дошт, ки аз рузи эълон гаштани рузи байналмиллалии ҳифзи мухити зист 48 сол сипари гардид. Ин иқ доми байналмиллали аз муроҷиатномаи Ментови ба китоби генералии Созмони миллали муттаҳид сарчашма гирифта,аз 11 уми майи соли 1971 аз ҷониби 2200 нафар ходимони илму фарҳанги 23 кишвари ҷаҳон ба имзо расид. Дар он олимон бонги хатар зада буданд, ки ифлосшавии муҳити зист ба инсоният оқ ибатҳои нохуш меорад.
Гуфта шуд, ки имруз ҳифзи муҳити зист ба яке мушкилоти глобалии ҷаҳон табдил ёфтааст. Гармшавии иқ лим, обшавии пиряхҳо, тундбодҳо, норасоии оби ошомидани, олудашавии ҳавои атмосфера, зиёд шудани партовҳои истеҳсолию маиши, бахусус зарфҳо ва дигар маводи пластики,паҳншавии беморихои сирояти ва дигар офатҳои табии ташвиши мардуми сайёраи заминро дучанд намудааст. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки дар тозагии муҳити зисти худ ва табиат саҳмгузор бошад.
Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш Мирзозода Низом муовини раиси вилоят, паёми табрикоти раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ба иштирокдорон расонида шуд.
Баъди анҷоми чорабини дар боғи фарҳанги, назди Бозори фаровон, Кохи Ватан, майдони Парчам, терминали мусофиркашони, маводҳои муҳофизати тақ сим намуданд. Дар ин баробар варақ аҳои иттилооти тақ сим карда моҳияти онро ба мардум фаҳмониданд. Таъкид доштанд, ки қоидаҳои мукараршудаи безарар намудани ашёи истифодашударо ҳатман риоя намоянд.Бо иҷрои доимии ин қоидаҳо шумо метавонед мухити зисти худ ва атрофиёнро ҳифз намуда, дар пешгирии паҳншавии бемории ковид-19 саҳмгузор бошед зикр шуд дар интихои хамоиши доир шуда.
Далер Шарифов
котиби матбуоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон