Аз тарафи мутахассисони Маркази назорати таҳлилии Кумита дар давоми ҳафтаи сипаришуда 15 намунаи обҳои рӯизаминӣ, обпартовҳои иншооти обпартовтозакунӣ ва нуқтаҳои шустушӯи нақлиёти шаҳри Турсунзода, ҷиҳати муайян намудани вазъи экологии манбаъҳои обӣ, ташхисҳои физико-кимиёвӣ гузаронида шуд.
Аз натиҷаи ташхисҳо дар лаборатория маълум гашт, ки баъзе нишондодҳо, ба монанди нитрогени аммоний, ниёзи биологии оксиген, моддаҳои нафтӣ аз меъёр зиёд мебошад.
Натиҷаҳои таҳлил барои андешидани чораҳои зарурӣ ба шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Кумита ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода фиристода шуд.