Назари Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон доир ба ташабусҳои неку инсондустона ва саривақтии сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Қатномаи Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди масоили об, ки он даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018- 2028 унвон гирифтааст ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, он аз ҷониби зиёда аз 190 давлати дунё дастгирии комил ёфт. Ташабусҳои неку инсондустона ва саривақтии сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва истифодаи сарфакоронаи он бори дигар мавқеи Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боло бардошт.
Тазаккур бояд дод, ки қабул гардидани пешниҳоди чоруми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ имруз сокинони мамлакатро хушнуду сарфароз гардонид ва ҳамзамон бори дигар собит намуд, ки Тоҷикистон аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти ҶТ дар самти ҳалу фасли мушкилоти об дар кураи замин ҷонибидорӣ намуда, ҳамеша барои оқилона истифодабарии об пешниҳодҳои созандаро руикор гирифт.
Бо афзоиш ёфтан аҳолии курраи замин, ниёзи ҷомеа ба об афзуда дар баъзе аз кишварҳо шаҳрвандон аз норасоии оби нушокӣ танқиси мекашанд. Норасоии об дар баъзе кишварҳо боиси марги нафарони зиёд гардидааст. Мушкилоти норасоии об, тарзи дуруст иистифодаи самаранокии захираҳои бузурги обӣ, ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор кардааст, ки дар солҳои минбада барои ҳифз ва оқилона сарф кардани оби ошомиданӣ дар курраи замин талошҳои созандаро роҳандозӣ намоянд.
Аҳмият ва муҳимияти ҳифзи сарвати бебаҳои табиат истифодаи дурусти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хубӣ эҳсос карда, ташабусҳои неку созандаро ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод кард, ки он аз ҷониби дигар мамлкатҳои руи олам ба хубӣ қабул гардид.
котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон