Санаи 21 апрели соли 2020 дар Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, семинари илми – амали бо иштироки кормандони Раёсати маориф, олимону омузгорони донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят, васоити ахбори омма тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати ҳифзи муҳити зист ва маорифи вилоят бахшида ба амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018- 2028» семинарии илми- амали бо иштироки 60- нафар барузор гардид.

         Семинарро сардори Раёсати маорифи вилоят Д.Исозода  ифтитоҳ намуда, сипас аз ҷониби иштирокдорони семинари илми-адаби бо маърузаҳои пурмуҳтавои илми дар мавзўҳои «Саҳми тоҷикистон дар ҳали мушкилоти глобалии истифодаи об дар сайёра», «Об ҷузъиёти асосии муҳити зисти Тоҷикистон», «Пирияхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташакулёбии обҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Маркази», «Аҳмияти кулҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тағирёбии иқлим дар Осиёи Маркази» ва «Об сарчашмаи ҳаёт» баромад намуданд. Дар кори семинар намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Тураев Раҳмонали собиқадори Раёсат ва Чолаков Абдулвосид сармутахассиси Раёсат оид ба амалишавии Даҳсола фикру мулоизаҳои худро иброз намуданд. Сипас миёни иштирокчиёни семинар саволу ҷавоб ва мунозираҳо баргузор шуд.

Comments are closed, but trackbacks and pingbacks are open.