1

Аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оиди пешгирии  сирояти коронавирус дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва мактабҳои таҳсилоти умуми, корҳои фаҳмондадиҳи бо аҳолӣ баргузор гардида, дар чорабии мазкур иштиркчиёнро бо варақаҳои иттилооти  ва буклетҳо таъмин намуданд.

Хушвахтзода Мақсуд сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зимни суханронии худ бо иштирокчиён иброз намуд, ки масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, номбурда дар суханронии хеш ҳадаф ва мақсади баргузор гардидани чунин корҳои фаҳмондадиҳи пеш аз ҳама пешгирии аз сирояти эҳтимолии коронавирус дар байни аҳолӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот арзёбӣ намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирии вируси мазкур ҳар як шахс боят ба тозагии шахси риоя карда, роҳи нафаскаши бо махсус маскаҳои тибби маҳкам намуда аз бо даст салом кардан, наздик ва бе ниқобҳои махсус сухан кардан даскаши намоянд. Дар охир қайд намуданд, ки саломатии ҳар як инсон маҳс дар дастони худашон мебошад аз ин ру ҳар як шаҳрвандро мебояд гигиенаи шахсиро риоя намояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *