Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби экологони вилояти Хатлон чорабинии идона доир шуд, ки дар он меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ аз намоиши асарҳои пурғановати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди миллати тоҷик гузошта шуда буд, дидан намуданд.
Дар оғози чорабини Мусозода Шодӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар назди иштирокдорон баромад намуда доир ба хизматҳои Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини Тоҷикистони Соҳибистиқлол ва инчунин Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд, – афзуд Мусозода Шодӣ.
Маҳмасаид Куганов, мутахасиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят низ доир ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар 30- соли соҳибистиқлоли кишвар, рушду пешрафти соҳаҳои иктисодиву ичтимои ва зиндагии шоистаи сокинони мамлакат сухан кард.
Ҳамчунин Самадзода Шохрух, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, нисбати “Иҷлосияи тақдирсози милат ва корнамоиҳои абармарди арсаи сиёсат -Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маъруза кард.
Дар идомаи чорабини Исмоил Гулзода, мудири баҳши ҳифзи мухити зисти ноҳияи Чайҳун баромад дошта изхор дошт, ки суханрониҳои пай дар пайи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи олам, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои глобалии дунё хеле назаррас буда, дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии донишу ҷаҳонбинӣ ва дурандешии Пешвои миллати моро нишон медиҳанд.
Дар чорабинӣ филми мустанад таҳти унвони «Тулӯи хуршед», ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти пурсамар ва талошхои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон буд, манзури иштирокдорон гардонида шуд.
Маркази матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон