Санаи 15-16 июли соли равон дар асоси дастури Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А. сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён сафари корӣ анҷом дода, аз вазъи партавгоҳҳо ва тозагии маҳал дидан кард.
Дар рафти ин сафар ба масъулони соҳавии маҳал барои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва пешгирии худсарона партофтани партовҳо, беҳтар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии сокинон тавсия ва супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Инчунин, Мусозода Шодӣ бо ҳолати корӣ ва фаъолияти шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои болозикр шинос шуда, бо кормандони соҳа вохӯрӣ анҷом дод.
Дар вохӯриҳо таъкид карда шуд, ки аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоем.
Фаъолияти гуруҳи кории роҳбарияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳо дигари вилоят идома дорад.
Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон