Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда санаи 30 майи соли ҷорӣ дар бинои маъмурии мамнўъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” барои аъзои маҳфили экожурналистон дарси омӯзишӣ ташкил карда шуд.
Нахуст ҳайати зиёда аз 20 нафараи хабарнигорон аз осорхонаи мамнўъгоҳ дидан намуданд. Ба ҳозирин директори осорхона Муфарраҳов Ҷалолиддин дар бораи экспонатҳое, ки дар осорхона мавҷуд буданд, яъне акс ва хӯсаҳои ҳайвоноту парандаҳои мамнуъгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Сипас таҳти роҳбаладии муовини сардори МД Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Давлаталӣ Шарипов хабарнигорон ба минтақаи Парваришгоҳи парандаҳои нодир (фазанария) ташриф оварданд. Тавре корманди илмии мамнӯъгоҳ Толиб Салимов иброз дошт, айни замон дар парваришгоҳ намудҳои тазарви тоҷикӣ, дуғдоғ ва кабк парвариш карда мешавад. Мақсад аз ташкил намудани парваришгоҳ дар он аст, ки парандаҳои нодир зиёд карда шуда, боз ба табиат сар дода шавад. Аз гуфтаи Т. Салимов бармеояд, ки айни замон дар парваришгоҳ 110 адад тазарв, аз ин 70 адад тазарви калон ва 40 адад чӯҷа парвариш ёфта истодааст ва 120 тухми тазарв хобонда шудааст. Аз рӯи мониторинги гузарондашуда дар ҳудуди мамнўъгоҳ ҳоло тақрибан 2400-2500 адад тазарв мавҷуд аст.
Корманди илмии мамнӯъгоҳ Т. Салимов дар бораи парандаи дигаре, ки дар парваришгоҳ парвариш ёфта истодааст — дуғдоғ баён дошт, ки он парандаи мавсимии кӯчанда маҳсуб меёбад ва ин парандаҳо аз Арабистони Саудӣ ворид карда шудаанд. Иқлими ҳудуди мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” барои зисти ин намуди парандаи нодир (дуғдоғ) мувофиқ аст.
Ҳамзамон хабарнигорон аз як мавзеи хеле зебои мамнӯъгоҳ — “Дарёкӯл” дидан намуданд. Бино ба гуфтаи масъулин Дарёкӯл дар масоҳати 94 гектар доман паҳн кардааст. Чуқурии кӯл бошад, аз 1 м то 5 м см-ро ташкил мекунад. Муҳиммияти ин кӯл дар он аст, ки барои 12 кӯли боқимондаи ҳудуди мамнӯъгоҳ сарчашма маҳсуб меёбад. Дар фасли сармо ба ин мавзеъ парандаҳои мавсимӣ, намудҳои гуногуни мурғобиҳо ва парандаҳои моҳихӯр парида меоянд ва зимистонро паси сар менамоянд. Пас аз тамошои дастаҷамъона аз мавзеъҳои мухталифи экосистемаҳои нимбиёбонӣ ва экосистемаҳои обӣ дар толори маҷлисгузаронии бинои маъмурии мамнӯъгоҳ ба ҳайати хабарнигорон муовини сардори Муассисаи давлатии ҲТММ Давлаталӣ Шарипов дар бораи қонунгузорӣ дар соҳаи Њудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, нақши мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” дар ҳифзи гуногунии биологӣ маърӯза ироа намуд. Пас аз қисмати саволу ҷавобҳо ба хабарнигорон аз тарафи масъулин доир ба гузаронидани мониторинги олами ҳайвонот дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ва кушодани хатсайрҳои экологӣ филмҳои мустанад намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар дарси омӯзишии маҳфили экожурналистон хабарнигорон аз ТВ “Илм ва табиат”, якчанд шабакаҳои радиоӣ, агентиҳои иттилоотии “Ховар”, “Азия плюс”, “Рейтер”, нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Народная газета”, “Халқ овози”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Инсон ва табиат”, “Паёми Душанбе” иштирок намуданд.