Дар асоси фармоиши Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Амри  раиси ноҳияи Фархор ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои экологӣ рӯзи 15-уми майи соли 2021 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фархор бо иштироки сокинони деҳаи Аловуддин, Хуррамзамин ва хонандагони муассисаҳои таълимї аксияи “Тозагии маҳал-2021” гузаронида шуд.

Дар аксияи мазкур 35 нафар сокинони маҳал ва зиёда аз  82 нафар хонандагон иштирок намуданд.  Дар аксияи мазкур тоза намудани  гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва шафати роҳи автомобилгарди ҳудуди ҷамоат аз партовҳо, алафҳои бегона ва сафед намудани танаи дарахтон  машғул шуданд.  Дар ҳаҷми 8 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуданд.

Чунин аксияҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *