Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати ба танзим даровардани ҳолати экологии ду тарафи китъаи роҳи оҳани ноҳияи мазкур санаи 5 майи соли равон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва соҳибкорони бозорчаи мавсимии ҷамоати деҳоти Нури Вахш аксияи “Тозагии маҳал” баргузор намуданд.
Дар рафти гузаронидани аксия партовҳо ҷамъоварӣ шуда, ба партовгоҳ интиқол дода шуданд.
Чорабиниҳои экологӣ, аз қабили ҳашару аксияҳо дар ҳудуди ноҳия бомаром идома дорад.