Бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритус, дар якҷоягӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур, инчунин иштироки намояндагии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ин ноҳия бахшида ба рӯзи Замин – 22 апрел семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ омӯзгорону дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд.

Дар семинар суханронии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Тураев Р., мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус Ҳайдарова М. ва дигарон оид ба  аҳамияти замин, тоза нигоҳ доштани он ва истифодабарии оқилонаи замин шунида шуд.

Ҳамзамон бо мақсади амалигардонии талаботи ҷорӣ  аксияи экологии “Тозагии маҳал” ташкил ва гузаронида шуд, ки дар рафти он зери дарахтони муассисаи таълимии ноҳия нарм ва гирду атрофи онҳо аз ҳар гуна алафҳои бегона тоза карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *