Дар толори Раёсати хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Хатлон  ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят  дар 3  моҳаи аввали   соли 2021  баргузор шуд.

 Дар он муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон  Мусозода Шодӣ, намояндаи маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони шуъбаҳои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ҳамчунин мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои вилояти Хатлон иштироки фаъол доштанд.

Дар оғози ҷаласаи ҷамъбастӣ Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба фаъолияти кории шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят   дар 3 моҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дод.

  

Гуфта шуд, ки Раёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳое, ки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва баланд бардоштани фаранги маърифати экологии аҳолӣ гузоштаанд, ҳамчун роҳнамо баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатии экологӣ,  иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи ҳифзи муҳити зист корҳои муайянеро ба анҷом расонида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд.

 

Зимни ҷаласа такид рафт,ки тоза ва озода нигоҳдоштани  муҳити зист дар айни замон яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон ба кишвари зебои  мо буда, ҷиҳати беҳдошти муҳити зист, дар ҳолати хуби санитарию экологӣ, тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, атрофи хонаҳои баландошиёна ва биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, роҳу кучаҳо, аз ифлосиҳо эмин нигоҳ доштани манбаҳои обӣ, бахшида ба амалишавии Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми” ва ҷашнгирии 30-солагии Истиќлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияҳои “Тозагии маҳал ва соҳил” 268-маротиба гузаронида шуданд, ки дар онҳо 44776 нафар табаќаҳои гуногуни аҳолӣ иштирок намуда, дарозии 157 км  соҳили каналу ҷуйборҳо дар ҳаҷми 781,0 метри куби  партовҳо бароварда, безарар гардонида шудаанд.

Барои аз наздик шинос намудани аҳолӣ бо ќонуну барномаҳо ва талаботҳо, амали гардидани сиёсати давлатии экологӣ бо аҳолӣ 878 маротиба, бо мактаббачаҳо 297 ва дар боѓчаҳо 52 маротиба вохӯриҳо ва суҳбатҳо аз тарафи нозирон гузаронида шуд, ки аз манфиат холи нест.

 Барои баланд бардоштани донишҳои экологӣ ва ҳавас- мандгардонии насли наврас, хонандагон ва табиатистифода- барандагон 44 семинару намоишҳои экологӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар идомаи ҷаласа аз мудирони шуъба ва бахшҳои шаҳри Бохтар, шаҳри Кӯлоб ноҳиҳои Фархор Носири Хӯсрав оид ба корҳои анҷомдодаашон пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри боз ҳам пешрафти кори соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

Қиёмзода Зарафо, муовини Раиси Кумита оид ба   иҷрои босифати кори Раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят ба сухан баромада баҳри боз ҳам пешрафти кор аз ҳар як корманд ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои фаъолияти масъулитнокиро талаб намуда, баҳри боз ҳам хубтару бо сифат анҷом додани корҳо таъкидҳо доштанд.

 Дар идомаи баромади хеш Қиёмзода Зарафо изҳор дошт, ки шуъбаву бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро мебояд баҳри сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии миллат, 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кушишу неруи хешро сафарбар намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *