Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Норак ҷиҳати иҷрои супориши Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташвиқи олами ҳайвоноту парандаҳои нодири кишвар барои гузоштани муҷассамаҳои онҳо дар маконҳои фароғатӣ ва даромадгоҳҳо чораандешӣ намуд.

Натиҷа ин шуд, ки дар даромадгоҳи шаҳр муҷассамаҳои бабри барфӣ, гавазни бухороӣ ва лаклак қомат афрохт. Манзараи мазкур барои ҳар бинанда ҷолиби таваҷҷӯҳ буда, завқи табиатдӯстии онҳоро қавӣ мегардонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *