Дар толори Раёсати хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар соли 2020 доир шуд.
Дар он муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ, сардори Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб Курбон Соҳибов, сардорони шуъбаҳои Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ҳамчунин мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласаи ҷамъбастӣ Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба фаъолияти кории шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилояти Хатлонро дар соли 2020 муфасалтар ҳисобот дод.
Гуфта шуд, ки Раёсати ҳифзи муҳити зист ва шуъбаю бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷ умҳурии Тоҷ икистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолӣ гузоштаанд, ҳамчун роҳнамо ба роҳбари гирифта, баҳри амалӣ гардонидани сиёсати давлатии экологӣ , иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар соли сипаригашта корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки давоми соли 2020 ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати санитарию экологии ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин, пурзур намудани назорати давлати ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳоли бо ҷалби кормандони мақомотҳои иҷроияи маҳалли, муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар ташкилотҳои давлатию хусуси дар рўзҳои истироҳати дар роҳу куча, маҳалҳои аҳолинишин ва назди биноҳои маъмурии ташкилоту корхонаҳо 464 маротиба аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шудаанд, ки дар онҳо 103603 нафар шаҳрвандон иштирок намуда 5401,3м3 партовҳо бароварда дар партовгоҳои доими ҷойгир кунонида безарар гардонида, тариқи садо ва симо 378 маротиба намоишу баромадҳо пахш гардидаанд.
Дар идомаи ҷаласа аз мудирони шуъба ва бахшҳои, ноҳиҳои Темурмалик, Панҷ, Кўшониён, Хуросон, Вахш ва шахри Сарбанд доир ба корҳои анҷомдодаашон пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри боз ҳам пешрафти кори соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.
Қиёмзода Зарафо, муовини Раиси Кумита оид ба иҷрои босифати кори Раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят ба сухан баромада баҳри боз ҳам пешрафти кор аз ҳар як корманд ва роҳбарони шуъбаву бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои фаъолияти масъулитнокиро талаб намуда, баҳри боз ҳам хубтару бо сифат анҷом додани корҳо таъкидҳо намуд.
Ҳамчуин масъулони соҳа таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумита бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самарабахш нишон дода, ҷашни мазкурро дар сатҳи хубу хотирмон таҷлил карда шавад.
Дар интиҳои кори ҷаласа аз ҷониби муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ ба як катор мудирони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барои фаъолияти хубу самарабахши кориашон сипосномаҳои Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар вазъияти тан-танави такдим карда шуд.
Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон