Аз Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки дар ҳамкории шуъбаи мазкур бо Корхонаи давлатии фаръии «Ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ»-и шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 12-13 декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳр аксияи экологӣ таҳти унвони «Ободии шаҳр ободии Ватан аст» баргузор гардид.
Дар аксияи мазкур баробари тозаву озода намудани кӯчаву роҳҳо дар ҷойҳои муайянгардида беш аз 400 бех ниҳолони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд.
Корҳои ободонӣ ва солим нигоҳ муҳити зист зери таваҷҷуҳи ҳамешагии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб қарор дорад.
Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон