Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар асоси талаботи Конститутсия ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот», «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи моҳипарварӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии қабул кардаи Президенти кишвару Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ки бо Фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2018 № 95 тасдиқ карда шудааст, инчунин Низомнома фаъолият мебарад.
Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, барои амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатии мухофизат, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои олами набототу ҳайвонот ва моҳӣ, инчунин ташкили назорати давлатии риояи меъёрҳои муайян кардаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт масъулиятдор мебошад.
Шуъба вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақилона ва дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, санитарию эпидемологӣ, карантинӣ, дигар мақомотҳои ваколатдори махсуси давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода, барқароркунии объектҳои олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин сохторҳои зертобеъи Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба иҷро мерасонад.
Вазифаҳои асосии шуъба:
-таъмини иҷрои сиёсати ягонаи давлатӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин бехатарии экологӣ дар самти фаъолияти ба шуъба вогузор карда шуда;
-назорати давлатӣ оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, инчунин хоҷагиҳои шикорӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хатсаройҳои туристӣ, ҷангалзорон, чарогоҳҳо, ки дар ҳудуди вилоят ҷойгир мебошанд ва риояи меъёрҳои бехатарии экологию биологӣ аз тарафи шахсони воқеию ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияту тобеият ва мансубият ба шаҳрвандӣ;
– таъмини назорати давлатии иҷрои барномаҳо, стратегия ва нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ;
– омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии вуҷуддоштаи истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот, маълум кардани сабабу шароитҳои мусоидаткунандаи ҳодисаҳои хавфи экологӣ дошта, ба нақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба мақсадноку самаранок истифода бурдан аз олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, инчунин таъмини меъёри муайян кардашудаи истифодабарии онҳо;
– ташкили назорат аз болои иҷрои чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонӣ ва беҳсозии вазъи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар миқёси вилоят;
– амалӣ гардонидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати табиатистифодабарандагон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ. Барои ноил шудан ба мақсади мазкур таъмини ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори умум, дар доираи салоҳияти худ мусоидат намудан барои таҳияи маводҳои дастурию методӣ, гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, семинарҳо ва омӯзишҳо;
-дар доираи ваколат ва салоҳияти худ иҷро намудани вазифаҳои фармоишгару иҷрокунанда;
-дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ муайян намудани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, таъмини мувозинати экологӣ, ташкили назорат баҳри пешбинӣ намудани ҳолатҳои бадшавии олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ;
-баррасӣ намудани мактубҳо, арзу шикоят ва пешниҳодҳои шахсони воқеъию ҳуқуқ доир ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар миқёси вилояти Хатлон;
– манзур намудани маълумотҳо ва пешниҳодҳо оид ба такмил додани фаъолияти хоҷагидорӣ дар самти истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар вилояти Хатлон;
– тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва ба сардори раёсат пешниҳод намудани нақшаҳои кории моҳона, семоҳа, нимсола ва солонаи шуъба;
– дар доираи ваколат ва салоҳияти худ баррасӣ намудани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, омода ва пешниҳод намудани маълумот, ҳисоботу гузоришҳо аз натиҷаи фаъолияти шуъба оид ба истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ.