Ҳафтаи сипаригашта рафти иҷрои маракаи кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ дар ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки зиёда аз 150 нафар кормандони ташкилотҳо, коммунали муассисаҳои тандурустӣ, фарҳангу маориф ва дигар корхонаҳои давлатию хусуси, ба миқдори 400 адад ниҳоли дарахтони сановбар шинонида шуд.
Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Балхӣ иқдом гирифтааст, ки чунин маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва кабудизоркуниро бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар иду маъракаҳо вусъат диҳанд.