Мавсими ҷории кабудизоркуни тибқи нақша дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардида, дар тадбирҳои сабзкори сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ҳиссагузори менамоянд.

Имруз дар як чанд навоҳии минтақаи Бохтар кормандони ташкилоту муассисаҳо бо истифода аз рузи истироҳат ба шинонидани нихолҳои сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороиши машғул гардиданд.

Вобаста ба мавсими мусоид дар ноҳияи Дустии вилояти Хатлон тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркуни ба анҷом расонрида мешавад.

Дар ин самт тибқи нақша чоранибиниҳои Раёсати ҳифи муҳити зисти вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти  ва накшачорабинии  бахши ҳифзи муҳити зист мавсими ҷори дар ноҳияи мазкур бори аввал маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинони дар боғи фарҳангу фароғатии ноҳия баргузор карда шуд, дар ин тадбир сокинон ва кормандони касбу кори гуногун ширкат намуданд.

 

Файзиддин Умаров мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи   Дӯстӣ  хабар  дод, ки   тибқи нақша имсол 18  ҳазор бех ниҳолони гуногуни сояфкану ҳамешасаз ва  ҳамчунин 250 ҳазор бех гулу буттаҳои зебои ороиши шинонида хоҳад шуд.

Тибқи иттилоъ масъулини бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи  болозикр,   боғи фарҳанги фароғати дар доираи тадбирҳои ободониву созандаги ба ифтихори ҷашни 30-умин солгарди истиқлоли ватан ба пурраги мавриди таҷдиду навсози қорор дошта, ниҳолон ва гулу буттаҳои ороишву ҳамешасабз низ мутобиқ ба нақшаи нав худуд боғ шинонида мешавад.

Ба иттилои масъулини соҳа ҷиҳати дастрас намудани ниҳолони саяафкану ороиши, гулу буттаҳо ва дар ин замин иҷроиши нақшаи ниҳолшинониву кабудизоркуни заминаҳои мусоид фароҳам мебошад.

Баҳри таъмини нигоҳубину сабзиши минбаъдаи ниҳолони шинонидашуда дар ноҳияи тадбирандеши карда шуда, ҳамасола сабзиши қисмати беши ниҳолон ва гулу буттуҳои ороишиву ҳамешасаб таъмин карда мешавад.

Тибки иттилоъ ба ҳамин монанд корҳои созандагиву кабудизоркуни дар ноҳияи Дустӣ   инбаъд низ мунтазам рузҳои истироҳат роҳандози карда мешавад.

Дар идомаи тадбири ниҳолшинони дар боғи фарҳангу фароғати ноҳия ҳамчунин кормандони бахши ҳифзи муҳити зист мавсими ҷори дар ноҳияи Дӯстӣ шафати роҳи мошингард ва пиёдагардҳо аз хазонрезу дигар   алафҳои бегонаи  хушкшуда тоза намуданд.

   

Котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *