Дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ ба маъракаи нихолшинониву кабудизоркуни оғоз гардида, бо истифода аз рузи истироҳат сокинон ва кормандони ташкилоту муассисахои ноҳия ба ҳашар баромада ба шинонидани ниҳолони сояафкану ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороиши машғул гардиданд.

 Тибқи нақшачорабиниҳои Кумитаи ҳифзти муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзти муҳити зисти вилояти Хатлон,  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи  ба номи  Абдурраҳмони Ҷомӣ,  кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар доираи ин чорабинии солимгардони муҳити атроф ташкил намуда иштирокчиёни он дар марҳилаи аввал дар шафати роҳи мошингард як микдор ниҳолони ҳамешасабзу ороиши шинониданд.

Ҳамасола ҷиҳати саривақт ва бо сиффат анҷом додани корҳои кабудизоркуни дар ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ тадбирҳои амали андешида шуда ҳар ҳафта рузҳои истироҳат  сокинон дар ҳашари оммави фаъолона ширкат намуда тавассути шинонидани ниҳолони сояафкану ҳамешасаб ва гулу буттаҳои ороиши дар солимгардонии муҳити атроф ва боз ҳам зебову назаррабо гардидани маҳали зисти худ саҳм гузошта истоданд.

 

Самадзода Шоҳрух мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи   Абдурраҳмони Ҷомӣ    иттилоъ дод, ки   соли гузашта дар маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркуни дар ҳудуди ноҳия беш аз 18 ҳазор бех нищолони гуногуни сояфкану ҳамешасаз ва 262 ҳазор бех гулу буттаҳои ороиши шинонида шуда буд, ки сабзиши қисмати беши он таъмин гардид.

 Имсол ҳам аз руи тартиби муайян иқдомҳои ниҳолшинониву сабзкори дар шафати роҳҳои мошингард, назди биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ  ва гулгашту мавзеҳои истироҳативу фароғатии ҳудуди ноҳия дар назар дошта шудааст, ки баҳри сари вақт анҷом додани амалҳои марбута шароитҳои созгор дар ноҳия фароҳам мебошад.

 Масулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи   Абдурраҳмони Ҷомӣ  тасмим гирифтанд, ки нақша ба зимадошташонро сари вақт иҷро намоянду дар сарсабзу хуруам гардонии як гушаи кишвар саҳми арандаи худро гуоранд.

 Котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *