Бахши ҳифзи муҳити зисти н. Дӯстӣ ҷиҳати иҷрои фармоиши Раиси Кумита оид ба  гузаронидани аксияи «Тозаги соҳил-2020», бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштани соҳили дарё ва каналу ҷуйборҳо, аксияҳои «Тозагии соҳил»-ро ташкил ва  роҳандозӣ намуд.

Чорабинии мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалӣ гардида истодааст.

Шумораи умумии иштирокчиёни аксияи якмоҳа зиёда аз 300 нафарро  ташкил намуда, 300 метр ҷӯйбору новаҳои обгузари маркази ҷамоат аз партовҳо  тоза карда шуд. Ҷамъи умумии партовҳои баровардашуда 6 м3-ро  ташкил намуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *