Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби васеи аҳолии шаҳр чорабиниҳои экологӣ гузаронида шуда истодаанд, ки ба тозаву озода гардидани муҳити зист мусоидат менамояд.

Ин навбат дар ҳудуди шаҳр аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур кормандони вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳо ва сокинони маҳал ҷалб гардиданд. Дар рафти аксияи экологӣ маҳаллаҳои Н. Убайдуллоев, С. Сафаров ва хиёбони И. Сомонӣ аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуда, тавассути сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба партовгоҳи шаҳрӣ интиқол дода шуд.

Бурдани корҳои назоратӣ, фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои амалии экологӣ дар шаҳри Кӯлоб муташаккилона  идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *