Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ бо ҳамкории шуъбаи маорифи ноҳия рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178-ро «Дар бораи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» таҳти назорат қарор дода, ҳамчун ҳамоҳангсози барномаи мазкур, корҳои назоратию фаҳмондадиҳиро ба роҳ монд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳия чорабинии тарбиявӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Оид ба бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои Барнома аз оғози татбиқи он то инҷониб дар самти тарбия ва маърифати экологӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст.