Рӯзи 9 октябри соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии парандагони кӯчанда дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Фархор дар синфхонаи фанни биология-экологияи махсусгардонидашуда сӯҳбат-вохӯрӣ дар байни синфҳои болоӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур Холиқов Х мутахассиси пешбари бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия баромад намуда, оид ба аҳамияти ҳифзи парандагон гуфта гузашт. Сипас Маҷидзода А муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии “Гулистон” ва Сафарова Ш., омӯзгори фанни биологияи муассисаи мазкур дар назди хонандагон оид ба сохтани лонаҳои парандагон ва гузоштани онҳо дар ҷойҳои мусоид, пошидани дон барои парандаҳо дар фасли сармои зимистон баромад намуданд. Дар хотима хонандагон шеърҳо дар васфи парандаҳо қироат намуданд.