Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки рӯзи 19 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи мазкур оид ба буриши ғайриқонунии дарахтон санҷиш гузаронида шуд.
Дар вақти гузаронидани санҷиш маълум шуд, ки шаҳрванди деҳаи Марғоб Давлатов Ҷонибек бе иҷозатномаи махсуси экологӣ бо истифодаи техника 6 (шаш) бех дарахтони тути аз 10-сола болоро решакан намудааст, ки бо ин рафтораш ӯ талаботи моддаи 242-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2014, №790-ро вайрон намудааст.
Нисбат ба шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор супорида шуд.
Далер Шарипов, котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон