Дар доираи сиёсати созандаи Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ба яке аз сокинони шаҳри Кӯлоб, ки бар асари офати табиӣ хонааш пурра вайрону валангор гардида буд, як хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист бунёд намуданд, ки рузҳои наздик ба истифода супорида мешавад.
Инчунин, аз ҷониби масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Вахш, дар якҷоягӣ бо бахши манзиливу каммуналии ноҳияи мазкур ба яке аз сокинони деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони дар Вахш, ки манзили зисташ аз офати табиӣ зарар дида буд, манзили нави истиқоматӣ бунёд намуда, истоданд. То ба имрӯз 85 фоизи корҳои сохтмонии хонаи бунёдшаванда ба анҷом расида, рӯзҳои наздик он ба истифода супорида хоҳад шуд.
Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон