Санаи 29 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони сафоратхонаҳои 23 кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда ҷиҳати шиносоӣ бо мавзеъҳои табиӣ ва олами набототу ҳайвоноти нодир ба мамнуъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ташриф оварданд.
Тибқи барномаи пешакӣ таҳиягашта шиносоии меҳмонон аз осорхонаи мамнӯъгоҳ, ки дар даромадгоҳи асосии мамнӯъгоҳ воқеъ гаштааст, оғоз гардид. Ба меҳмонон дар ин ҷо аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва масъулини мануъгоҳи “Бешаи палангон” дар бораи таърихи таъсисёбии мамнӯъгоҳ, олами набототу ҳайвоноти он, нақши мамнӯъгоҳ дар ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ маълумотҳои дақиқу ҷолиб ва мушаххас пешниҳод карда шуд. Сипас ҳайати меҳмонони хориҷӣ таҳти роҳбаладии роҳбарият ва масъулини мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” аз се хатсайр – минтақаҳои “Тарзан”, “Меҳмонсаройи шоҳӣ” (Королевская дача) ва “Дарёкӯл” , ки дорои экосистемаҳои биёбонӣ, нимбиёбонӣ ва обию ботлоқӣ мебошанд, дидан ба амал оварданд. Аз тарафи масъулин ба хотири маълумоти бештар пайдо кардани меҳмонон варақаҳои иттилоотии ранга бо аксҳои олами ҳайвоноту набототи ҳудуди мамнӯъгоҳ бо 3 забон тақсим карда шуд, ҳамзамон ҳангоми пешниҳоди маълумотҳои шифоҳии роҳбаладон бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума гардиданд. Баъдан ба меҳмонони олиқадр доир ба гузаронидани мониторинги олами ҳайвонот дар мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” ва кушодани хатсайрҳои экологӣ филмҳои мустанад намоиш дода шуд.
Айни замон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати шомил намудани мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО корҳо ҷараён доранд. Ёдовар мешавем, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар бори аввал аст, ки роҳбарони корпусҳои дипломатӣ бо мақсади дидан ва ошноӣ пайдо кардан аз яке объектҳои калидии кишвар- мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” сафари якҷоя мекунанд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки аз наздик ошно шудани роҳбарони корпусҳои дипломатӣ бо табиати нотакрори Тоҷикистон барои шомил намудани мамнӯъгоҳи табиии давлатии “Бешаи палангон” ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО мусоидат хоҳад кард.