Ба иттилои масъулони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз 27 март то 27 апрели   соли 2021 дар ҳудуди ноҳия аксияи «Тозагии маҳал-2021» гузаронида шуд.

Нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани аксияи мазкур дар ҳудуди ҷамоатҳо тартиб дода шуда, аз тарафи нозирони бахши ноҳияи мазкур шахсони алоҳида ба ҳар як ҷамоат вобаста карда шуданд.

 Дар ин муддат чунин аксияҳо ва вохӯриҳо дар ҷамоати шањраки Москва бо иштироки 65 нафар, бо баровардани  3,4 м3 партовҳо, 16-17 апрел    бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №52, 16 ва 4  ҷамоати деҳоти Даштигуло бо иштироки  452 нафар хонадагон бо баровардани 2,8 м3  партов, 24 апрел  дар ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия бо иштироки аҳолии ҳамин ҷамоат ва мактаббачагон дар  атрофи канали Кӯлобдарё   ташкил ва гузаронида шудаанд.

Бахш тасмим гирифтааст, ки чунин корҳои ободонию созандагиро дар дигар ҷамоату деҳоти ноҳия бо маром идома диҳад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *