Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳо, оид ба баланд бардоштани дониш ва маърифати экологии аҳоли санаи 17 апрели соли ҷорӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар бо иштироки 196 адад хонандагони 14 муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиёни мазкур корҳои эҷодии худро ба маърази ҳакамон қарор дода дар охир ғолибон бо сипосномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар қадронӣ карда шуданд.

Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ба хонандагон ҷиҳати ҳадаф ва таърихи санаҳои экологӣ фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, даъват намуданд, ки баҳри ободиву сарсабз ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва муҳити атроф, фаъолона иштирок намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *