Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон, ки имрӯзҳо бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар  сурат мегирад, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дидан намуд.

 Дар оғози сафар Қоҳир Расулзода Сарвазири мамлакат, Шерализода Баҳодур раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҳайати гурӯҳи корӣ дар Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ   бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Масоҳати умумии бино 400 м3 -ро ташкил медиҳад. Бино аз 3 ошёна, 5 утоқи корӣ, 2 утоқи истироҳатӣ ва 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳои бахш иборат мебошад.

Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Дилафрӯз” мебошад.Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Атрофи бинои бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

  Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *