Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳифзи олами ҳайвоноту парандаҳои нодири кишвар ғояҳое бо диди нав барои гузоштани муҷассамаҳои онҳо дар маконҳои фароғативу боғу гулгаштҳо рӯи кор омадааст, ки қобили қабул ва писанди хотири хосу ом мебошад.

Дар ҷойҳои таъйиншудаи шаҳру ноҳияҳо гузоштани ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, инчунин ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Бинобар ин, аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар даромадгоҳи ноҳияи мазкур муҷассамаи гавазни бухороӣ қомат афрохт ва гирду атрофаш бо гулу гулбуттаҳо ороиш дода шудааст, ки ба ҳусни ноҳия ҳусни дигар зам мекунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *