Дар асоси нақша чоранибиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар дар  ҳамкори бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри мазкур таҳти унвони «шаҳрамонро сабзу хуррам мекунем»  маъракаи ниҳонишнониву кабузизорекуни  баргузор гардид, ки дар он кормадони касбу кори гуногун иштирок доштанд.

 Ин маъракаи муҳим баҳри ободу зебо гардидани гулгашту хиёбонҳои шаҳри Бохтар ҷараён гирифт, ки дар он кормадони шуъбаи маориф, омузгорони муассисаҳои таълими, кормадони соҳаи тандурусти, фарҳанг, ҷавонон  ва ҳамчунин сокинони шаҳр сахми худро гузошта ҳар иштирокчии ин маърака бо масъулияти баланди шаҳрнишини  дарахтони ороишиву  ҳамешасаб ва гулҳои ороиши шинониданд.

  Аксари иштиродорони ин сабзкориҳо зимни суҳбат бо ифтихори баланд изҳор медоштанд, ки  бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Шаҳрамонро сабзу хуррам мекунем» шиори худ кабул намудаем ва ҳар рузҳои шанбе ба тозакориҳо мебароям.

 Тавре, ки  масъулон иттилоъ доданд дар  маъракаи ниҳонишнониву кабудизоркуни имруза, ки дар маҳалаҳои Хатлон,  Умари Хаём ва ҳамчунин дар гирду аторофи осоронаи Бибихонуми шаҳри Бохтар анҷом дода шуд, зиёда аз 600 адад дарахтони ороишиву сояафкан, ва 500 адад гулҳои зебои ороиши шинонида шуд.

 

Мавсими шинонидани гулҳои ороишӣ бо  ҷалби мутахассисони соҳа  ва кормадони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Бохтар  дигар  рузҳо низ дар  маҳалаву кучаҳои шаҳр шинонида мешаванд изҳор доштанд  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар.

   Котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *