Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ идома дошта, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳо ва сокинону соҳибкорони маҳаллӣ баҳри таъмини раванди самарабахши тадбири мазкур тавассути ташкил намудани ҳашарҳои дастаҷамъона корро вусъат мебахшанд.

Аз рӯи нақша ин мавсим дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун бояд 252- ҳазор бех ниҳолони сояафкану ҳамешасабзу ороишӣ ва ба миқдори 22 — ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ дар шафати роҳҳо, гулгашту хиёбон ва назди корхонаву идораҳо шинонида шавад.

То  имрӯз дар ноҳияи  Ҷайҳун  2- ҳазору 900   бех ниҳолони сояафкану ҳамешасабзу ороишӣ ва зиёда аз 11 ҳазор гулу гулбуттаҳои ороишӣ ва 2 метри квадрати алафҳои ҳамешасаб шинонида шуд ва то ба охири мавсим нақшаи муайнгашта, иҷро гардида, дар беҳдошти муҳити зист, ки ба солимии инсон мусоидат менамояд, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *