Шўъбаи назорати истифода ва ҳифзи захираҳои об дар асоси сохтори Раёсати хифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ки бо фармоиши Раиси Кумити ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №16 аз 16.02.2012 тасдиқ шудааст, таъсис ёфтааст. 

  Шуъба ҷузъи таркибии Раёсат буда, оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об назорати давлатиро дар вилоят  пеш мебарад.

– ваколатҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар ҳамкори бо шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо буда амалӣ месозад.

 – фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муьити зист», Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Раёсат ва низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

Вазифаҳои асосии шуъба:

Вазифаҳои асосии шуъба аз татбиқи сиёсати ягонаи назорати давлатии зерин иборат мебошад:

 – риояи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», Кодекси оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёри оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон.

– истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳифзи обҳои зеризаминӣ ва руизаминӣ аз ифлосшавӣ ва сарфшавӣ, инчунин мақсаднок истифода бурдани манбаҳои обӣ.

– риояи қоидаҳои истифодабарии системаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, кўлҳо ва дигар маҳзани обҳое, ки ҳамчун обанборҳо истифода мешаванд.

– ҳолати минтақаҳои обгирӣ ва самаранокии кори иншоотҳои обтозакунанда ва канализатсионӣ ичунин риояи ҷиддии тартиб ва шартҳои равон кардани партовҳои обӣ.

– истифодабарии самараноки маблағҳои ҷудошуда, барои сохтмони иншоотҳои ҳифзи обӣ.

– банақшагирӣ, таҳия ва гузаронидани чорабиниҳо оиди ҳифзи захираҳои об, таъмини риояи меъёри истифодаи об ва партовҳои обӣ ва бо низом кам кардани моддаҳои ифлоскунанда ба манбаҳои обӣ.

 – татбиқи комёбиҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.

– дуруст ба роҳ мондани ҳисоби оби истифодашуда ва партовҳои обӣ аз тарафи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, хоҷагиҳо, инчунин мавҷудият ва ҳолати асбобу таҷҳизотҳо барои ҳисоби истифода ва сарфи партовҳои обӣ, риояи мўҳлатҳои муқарраргардидаи аттестатсияи давлатии ин асбобу таҷҳизотҳо.

       

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *