Ба истиқболи 30- солагии ҷашни Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ноҳияи Чайҳун корҳои созандагию ободонӣ ва тозагии муҳити зист мунтазам идома дорад.   

 Гулзода Исмоил мудири   бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Чайҳуни вилояти Хатлон иттиллоъ дод, ки дар ҳудуди  ноҳия бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо, шуъбаю бахшҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ   аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. 

Дар натиҷа кӯчаҳои  шаҳрак аз партовҳо пурра тоза карда шуда, дарахтони сояафкани бисёрсола ба таври буриши санитарӣ ба тартиб дароварда шуданд. Дар дигар  ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти нохия низ баргузории чунин аксияҳои экологӣ ва шанбегиҳо бо маром идома доранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *