Дар толори Раёсати хоҷагии об ва беҳдошти замини вилояти Хатлон  ҷаласаи ҷамбастии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон  дар 9 – моҳаи   соли 2020  баргузор шуд.

Дар он муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Мусозода Шодӣ, мутахасиси  пешбари шуъбаи  иқтисод, молия ва  ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Хоҷазода Амиралӣ, сардорони шуъбаи Раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят ва ҳамчунин  мудирони шуъбаю бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои вилояти Хатлон  фаъолона иштирок намуданд. 

 Зимни оғози ҷаласаи ҷамбасти Мусозода Шодӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят доир ба фаъолияти кории шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят   дар 9-моҳаи  соли 2020 дар назди муовинони Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода Зарафо доир ба корҳои анҷомдода кормадони Раёсат ва шубаву  бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо муфалатар ҳисобот дод.

Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар дар масъалаи ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолӣ  гузоштаанд ҳамчун роҳнамо ба роҳбари гирифта, баҳри амалӣ  гардонидани сиёсати давлатии экологӣ,  иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соҳаи ҳифзи муҳити зист корҳои муайянеро ба иҷро кардаанд.

Масъулон иҳор доштанд, ки кормандони соҳа дар ин муддат фаъолияташонро дар доираи Низомнома ва ваколатҳои худ, тибқи нақшаи чорабиниҳо баҳри беҳдошти муҳити зист, солимгардони, истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиӣ, баланд бардоштани фарҳанги маърифати экологии аҳолии ва таъмини иҷрои Барномаҳои соҳавӣ равона намуда, корҳои иёдеро ба анҷом расониданд.

Дар идомаи кори ҷаласаи ҷамбастии 9—моҳаи соли равон сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар асоси ҳисоботҳои пешниҳодаи масъулони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят сабабҳои пурра иҷро нагардидани нақшаҳои пардохти ҳатмии экологӣ, паст будани нишондиҳандаҳои фаъолияти самтҳои назоратӣ соҳа иҳори нигарони намуда, гуфта шуд, ки бояд ҳар як корманди соҳа баҳри пешрафти кор масулиятшинос бошанду сари вақт масулиятшинос бошанд.

Дар идомаи кор аз мудирони шуъба ва бахшҳои шаҳри Бохтар, ноҳиҳои Восеъ, Ҷайҳун, Панҷ Кўшониён, Вахш атрофи корҳои анҷомдодашон пурсиш ба амал оварда шуда, баҳри боз ҳам пешрафти кори соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

Қиёмзода Зарафо, муовини Раиси Кумита оид ба   иҷрои босифати кори Раёсат, шуъба ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру навоҳии вилоят ба сухан баромада баҳри боз ҳам пешрафти кор аз ҳар як корманд ва роҳбарони шубаву бахшҳои ҳифи муҳити зисти шаҳру навоҳии масулитнокиро талаб намуда, баҳри боз ҳам хубтару бо сифат анҷом додани корҳои кологӣ таъкидҳои ҳамаҷониба намуд.

Қиёмзода Зарафо афзуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Кумита бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти самарабахш нишон дода, ҷашни мазкурро дар сатҳи хубу хотирмон пешвоз гирем.

   Далер Шарипов,

котиби матуботии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *