Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию бунёдкориро ҳаматарафа ба роҳ монда, барои боз ҳам беҳтар намудани симои ноҳия мунтазам аксияҳои “Тозаги соҳил” ва “Тозагии маҳал” мегузаронад. Бо иштироки ташкилоту муассисаҳои ноҳия аксияи “Тозагии маҳал” бо иштироки зиёда аз 350 нафар дар боғи фарҳангу фароғатии деҳаи Баҳор баргузор гашта, ба миқдори 18 куб партовҳо бароварда шуданд.
Инчунин бо дарозии 2,1 км қад қади каналу ҷуйборҳо аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуданд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар ҳафта аксияҳои гузаронидашуда, тариқи воситаҳои ахбори омма намоиш дода мешавад.
Далер Шарипов, котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон