Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории аксияҳои “Тозагии маҳал” 19 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Фархор аксияи “Тозагии маҳал-2020” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур ҳамаи ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ҷамъи 150 нафар иштирок намуданд. Кормандони ташкилоту муассисаҳои иштироккунанда ба тоза намудани гирду атроф, шинонидани гулу бутаҳои мавсимӣ дар саҳни муассисаҳо машғул шуданд. Дар натиҷа дар ҳаҷми 2,1 м3 партовҳо ба партовгоҳи ноҳиявӣ кашонида шуд.

Далер Шарипов, котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти     вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *