Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон санаи 16 сентябр бо мақсади тозаю озода нигоҳ даштани соҳилҳои каналу ҷӯйборҳо заҳбуру заҳкашҳо ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи “Тозаги соҳил” баргузор гардид.

 Дар аксияи мазкур сокинони деҳаи Муродтеппаи ҷамоати деҳоти Фирӯзаи ноҳияи Носири Хусрав фаъолона иштирок намуда, бо дарозии 2 км заҳбуру заҳкашҳоро тоза намуданд. Корҳо дар самти беҳдошти муҳити зист дар ноҳияи Носири Хусрав идома дорад.

Далер Шарипов, котиби матбуотии  Раёсати ҳифзи муҳити зисти     вилояти Хатлон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *