Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву озода нигоҳ доштани роҳҳо ва атрофи он аз ҳаргуна партовҳо аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шаҳритуз ба шаклдарории дарахтони шафати роҳи мошингузари ноҳия, тозаву озода намудани ҳудудҳои даромадгоҳи ноҳия ва гирифтани дарахтони хушкшуда дар маркази ноҳияи Шаҳритуз бо ҷалби гуруҳҳои корӣ аксияи «Тозагии роҳ» гузаронида шуд.
Инчунин бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия гирду атрофи боғи фарҳангии ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритузро, ки дар ҳудуди он қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст аз ҳар гунна хасу хошокҳо ва партовҳои маишӣ тоза карда шуданд.
Баргузории чунин аксияҳо дар дигар минтақаҳои вилояти Хатлон низ идома дорад.
Далер Шарипов, котиби матбуотии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон